Имрӯз, 4 август, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия Даурен Абаев баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, илмӣ ва ғайра, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доранд, баррасӣ карданд.
Даурен Абаев дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия таъйин гардидааст.