Иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №6

11.08.2023 12:35

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №6  аз 29 июни соли ҷорӣ) 5 гурӯҳ иборат аз роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Уфа, Екатеринбург ва Новосибирски Федератсияи Россия ба мақсади шиносӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафар намуданд. Дар рафти баргузории мулоқотҳо кормандони Сафорат, консулгариҳои генералӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок карданд.

Дар доираи сафари мазкур 8 августи соли 2023 мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Мухтиярова Елена Вячеславовна баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои асосии зимни мулоқот муҳокимагардида, ин иҷроиши тавофуқҳое, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия М.Ш. Хуснуллин  (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯзи 8 августи  соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз ширкати боркашонии Россия “ПЭК” боздид ба амал овард. Дар рафти боздид мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати “ПЭК” баргузор гардид. Зимни суҳбат масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои фаъолият дар ширкати мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт. Қайд гардид, ки ин ширкат ба хизматрасониҳои логистикӣ, яъне ҳамлу нақли бор дар дохили Россия ва берун аз ин кишвар машғул буда, дар корхонаҳои он зиёда аз 1500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар идомаи боздид, ҳайати Тоҷикистон бо рафти фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин шароити зисташон  дар ширкати мазкур ошноӣ пайдо кард.

 9 августи соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҶДММ “Комбинати коркарди гӯшти Шёлково” (Сибирская коллекция) боздид ба амал овард. Зимни боздид нахуст мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкат Хачатурян Сергей Сократович баргузор гардид. Бино ба  иттилои  мавсуф  дар ширкати номбурда зиёда аз 270 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Роҳбарияти ширкат ба ҳайати Тоҷикистон барои фаъолияти хуби  муҳоҷирони меҳнатии  тоҷик арзи сипос кард.

 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки масъалаи  муҳоҷирати меҳнатӣ  зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.  

Дар нимаи дуюми рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар  маркази тиҷоратии “Южные ворота”-и шаҳри Москва мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор гардид. Дар рафти суҳбат доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин  тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд. Илова бар ин, ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ дар давлати иқомат, риояи қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони  меҳнатӣ барои фаъолият ба қаламрави Россия  маълумоти муффасал дода шуд.

10 августи соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи корӣ аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои  шаҳри Москва боздид ба амал овард. Зимни мулоқот бо  Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода  масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳамчунин гурӯҳи корӣ бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ анҷом дод.  Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg