Мулоқот бо Сафири Покистон

23.08.2023 18:15

23 августи  соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Федератсияи Россия  Шафқат Али Хан ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, ба ҳамдигар барои ҳамкориҳои судманд ҳангоми фаъолият дар Россия изҳори сипос намуданд.
Роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ҳамчунин перомуни якчанд масъалаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg