Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Федератсияи Россия бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.
Ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд.
Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.