8 сентябри соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи Россия профессор Пирогова Олга Вячеславовна баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи сайёҳӣ, ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Академияи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон иброз намуданд.