Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Россия 9 сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои баладошёна, дохили фурудгоҳҳо, мавзеи Арбат ва кӯпрукҳои шаҳри Москва лавҳаҳои ҷашнӣ бо суханони табрикотӣ намоиш дода шуданд.