Маросими тантанавӣ ба муомилот баровардани маркаҳои ҷашнӣ

12.09.2023 18:51

12 сентябри соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии ба муомилот баровардани маркаҳои почтавӣ, ки ба муносибати 5-солагии Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба табъ расидаанд, баргузор гашт.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти маросим аз ҷониби ҳар як намояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маркаҳои ҷашнӣ нақши муҳри махсуси хотиравӣ гузошта шуд.   

Маркаҳои ҷашнӣ, ки фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бойгариҳои табиии минтақаро инъикос менамоянд, дар коллексияҳои филателистон мақоми хоссаро ишғол хоҳанд кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg