21-22 сентябри соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Калинингради Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи ин сафар Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград Антон Андреевич Алиханов мулоқот кард.
Зимни суҳбат, ки дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт, доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, тандурустӣ, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифта, инчунин ба робитаҳои ҳамаҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград ибрози назар карданд.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Калининградро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват кард.
Худи хамон рӯз Роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо Роҳбари Маъмурияти шаҳри Калининград Елена Ивановна Дятлова мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафари худ Сафири Тоҷикистон бо Президенти Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати Калининград” Феликс Феликсович Лапин мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград, таҳкими робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамаркуз намуданд.
Роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар бораи 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон муфассал суханронӣ карда, Л.Феликс ва соҳибкорони вилояти Калининградро барои боздид аз Тоҷикистон ва инчунин иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2023» даъват намуд.
Сафири Тоҷикистон дар доираи сафари худ инчунин бо Директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Михаил Юревич Плюхин, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо миёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Калининград, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар мавзӯи дипломатия ва дигар масоили марбут ба робитаҳои байналмилалӣ суханронӣ кард.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанон ва фаъолони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Калининград баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод.
Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот дода шуд.
Дар баробари ин, аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо миёни роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилият дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ посух гирифтанд.
Сафири Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба пояи муҷассамаи «Мемориальный ансамбль 1200 воинам 11 Гвардейской армии, погибшим при штурме города и крепости Кёнигсбегр в апреле 1945 г.» гулчанбар гузошт.