Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо Президенти Россия Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш аз сидқи дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.
Пешвои миллат дар баробари таъкиди саҳми арзишманди Владимир Путин дар ростои тақвияти мавқеи Федератсияи Россия дар арсаи байналмилалӣ, аз нақши созандаи ӯ дар густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар ёдовар шуданд.
Сарони ду кишвар зимни баррасии масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин раванд ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар анҷом гирифт.