Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи ҳамкориро дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ намуданд

14.10.2023 17:12

13 октябри соли равон  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳамтои худ — Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов вохӯрӣ намуд, ки зимни он масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҳамзамон мубодилаи афкор барои таъмини иҷрои Нақшаи тавозуни индикативӣ бо дарназардошти  ҳамасола  зиёд гардидани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан сӯзишвории автомобилӣ ва дизелӣ  доир гардид.

Вазирони энергетика инчунин ҳамкорӣ  дар самти электроэнергетикаро  баррасӣ намуданд.

Далер Ҷумъа ва Николай Шулгинов натиҷаҳои Форуми энергетикии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки  3-4 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида буд, ёдовар шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg