Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» доир мегардад

23.10.2023 17:02

26-29 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мегардад.
 
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
 
Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
 
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи кишвар маъруф мебошанд, муаррифӣ мегардад.
 
Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
 
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд.
 
Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

23-10-2023-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg