Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» зиёда аз 50 ширкату корхонаи ватаниву хориҷӣ молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд

27.10.2023 10:49

Имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 29 октябр идома менамояд.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоти худро муаррифӣ доранд.

Тавре масъулин иброз намуданд, мақсад аз баргузории намоишгоҳ- муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg