Вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе

31.10.2023 16:15

30 октябри соли 2023 вохӯрии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

  Дар зимн, роҷеъ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маълумоти муфассал дода шуд.  

 Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот кормандони  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат суханронӣ карданд.

Ба донишҷӯён маслиҳат дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg