9 ноябри соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Ректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Комиссаров Алексей Геннадиевич мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат мусоҳибон ба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф миёни мактабҳои олии Тоҷикистон ва муассисаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Аз ҷумла, миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Қобили қайд аст, ки айни ҳол дар муассисаи мавриди назар 267 нафар донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Қисми зиёди онҳо дар раванди таҳсил ва фаъолияти илмӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда, дар ҳаёти ҷамъиятию мадании Академия саҳми арзанда мегузоранд.