16 ноябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ раванди имрӯзаи густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия ба сатҳи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.Дар баробари ин бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду давлат таъкид намуданд.