Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Москва

16.11.2023 19:30

16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Сафорат, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат,  роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, инчунин донишҷӯёни тоҷик чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикӣ нақши тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Дар зимн,  аҳаммияти  таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти кишварамон ба сифати  давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ зикр гардид.

Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Дар навбати худ иштирокдорони чорабинӣ ба рушди Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти кишвар андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg