ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Нақши ҳамкории фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва блокҳо дар ҳамкории байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки аз 11 то 14 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар байни иштирокдорони конференсия намояндагони фраксияҳо ва блокҳои порлумонҳои Абхозистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Приднестров, Тоҷикистон, Узбекистон, Осетияи Ҷанубӣ, роҳбарон ва вакилони ҳамаи фраксияҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон Леонид Калашников конференсияро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соли чорум аст чунин чорабинии масъулиятнок баргузор мегардад.
«Ин формати хеле ғайристандартӣ аст, вале он эҳтиром карда мешавад. Конференсияи мо ба Соли Ҳаракати волонтёрон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 бахшида шудааст».
Зимни суханронияш раиси фраксияи Партияи Коммунистии Федератсияи Русия Геннадий Зюганов иброз дошт, агар дар доираи ИДМ созиш ба вуҷуд ояд, на танҳо кори сиёсӣ, балки иҷтимоию иқтисодӣ ҳам фаъол бошад, он гоҳ мо пеш меравем.
Хамзамон намояндагони дигар фраксияҳо низ андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар кори конференсияи байналмилалӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода, Рустам Раҳматзода, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Акрамов ва сармутахассиси раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Каримҷон Содиқов иштирок намуда, сухан гуфтанд.