22 декабри соли 2023 бо проректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва Галишникова Вера Владимировна, инчунин бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, мулоқот баргузор гардид. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.