15 январи соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо Сафири навтаъйини Туркманистон дар Федератсияи Россия Айдогдиев Эсен Муҳаммадович баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, илмӣ ва ғайра, ки барои ҳарду кишвар мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳастанд, баррасӣ карданд.
Айдогдиев Эсен 10 ноябри соли 2023 сафири Туркманистон дар Федератсияи Россия таъин гардид.