27 январи соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар 80 солагии пурра аз муҳосираи фашизми гитлерӣ озод гардидани Ленинград дар соли 1944 дар шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид, ширкат намуд.
Дар маросими тантанавӣ бахшида ба 80 солагии убур кардани муҳосираи Ленинград, аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, намояндагони корпуси муқими дипломатии Федератсияи Россия, созмонҳои собиқадорон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок варзиданд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар муҳосираи Ленинград нисор кардаанд, дар назди “Оромгоҳи ёдгории Пискарёв” гулчанбар гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки муҳосираи Ленинград яке аз саҳифаҳои сиёҳтарини таърих ба шумор меравад ва бинобар ин, озодии шаҳр на танҳо барои мардуми рус, балки барои ҷомеаи байналмилалӣ санаи муҳими таърихӣ буда, дар озоднамоии шаҳр намояндагони халқиятҳои зиёд аз қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ қурбон шудаанд. 80 сол муқаддам барҳам додани муҳосираи Ленинград, ки тақрибан 900 рӯз - аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 идома ёфт, дар таърихи муносибатҳои байналмилалии муосир рӯйдодӣ воқеӣ гардид, ки он ба марҳилаи ниҳоии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз бахшид.
Қобили зикр аст, ки ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, махсусан дар муҳосираи Ленинград дар корномаи таърихи миллати точик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Тибқи иттилои Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанги меҳнат, беш аз 12 ҳазор нафар аз Тоҷикистон бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» сарфароз гардонида шуданд.
Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, ки дар муҳосираи Ленинград саҳм гузоштаанд: Тӯйчӣ Эрҷигитов, Тешабой Одилов, А. Якубов, П. Ёргин, О.Соболев, А. Маҷнунов, С. Ефтеков, А.Салимов, В. Каримов, М. Норов, Г. Гаврилов, Ш. Улмасов, Г..Ғаниев ва чандин ҷанговарони далери халқи тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” дарҷ гардидааст.