27 феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва Фестивали VIII байналмилалии донишҷӯён “Як осмон барои ҳама” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ Ректори Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва, намояндагони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия (Росавиация) намояндагони корпуси муқими дипломатии Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фестивали мазкур донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин Донишгоҳи таҳсил мекунанд ширкат варзида, фарҳанги мероси волои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки фестивал ба таҳкими равобити дӯстона миёни созмонҳои ҷавонони дар ин Донишгоҳ таҳсил дошта, равона гардидааст. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва 23 донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва хатмкунандагони донишгоҳ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.