Машварати кории Сафорат бо консулҳои генералии Тоҷикистон

29.02.2024 20:42

29 феврали соли 2024 машварати кории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии Сафорат дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат роҷеъ ба роҳҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва саноат табодули афкор сурат гирифт.

Мавзуҳои марбут ба рушди робитаҳо дар самтҳои маориф ва фарҳанг бо минтақаҳои Россия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташкили чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ муҳим дониста шуд.

Инчунин, дар машварат оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҷалб намудани ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаcпораҳои тоҷик барои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg