Қазия дар Тоболски вилояти Тюмени Федератсияи Россия

19.03.2024 08:41

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҷараёни қазияи дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Тоболски вилояти Тюмени Федератсияи Россия рух дода, огоҳ буда, қазияи мазкурро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Қобили зикр аст, ки шаҳрванд Охунов Дониёрҷон Ғафурҷонович соли таваллудаш 13.02.2002 гарчанде зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳам, шаҳрванди Федератсияи Россия мебошад ва дар курси 2-юми Коллеҷи тиббии шаҳри Тоболски Россия таҳсил менамояд.

Айни замон, Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар шаҳри Екатеринбург бо мақомоти дахлдори тафтишотии Федератсияи Россия барои муайян кардани ҷузъиёти қазияи мазкур дар ҳамкории зич қарор доранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg