29 марти соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расониданд.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин дар доираи чорабинии мазкур Форуми байналмилалии иқтисодии Иттиҳод баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии он иштирок намуд.