Мулоқот бо Сафири Туркия дар Россия

16.04.2024 16:28

15 апрели соли 2024 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия Танҷу Билгич баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони намояндагиҳои дипломатӣ дар фазои дӯстона масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна табодули афкор намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg