Имрӯз, 30 майи соли 2024, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Эктор Аренас ташриф овард.
Зимни мулоқот роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъ ва имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳои ду кишвар, ҳамкорӣ дар арсаи ҷаҳониро баррасӣ намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.