2 июни соли 2024 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи ВКХ Россия (МГИМО) Ҷоми Ректори МГИМО оид ба футболи хурд, бахшида ба Рӯзи Россия ва 80 солагии донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Россия ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон, Алжир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ангола, Арабистони Саудӣ, Боливия, Босния ва Гертсеговина, Венесуэла, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Озарбойҷон, Перу, Сербия, Таиланд, Ӯзбекистон, Хитой, Эквадор, инчунин омӯзгорон ва кормандони МГИМО-и ВКХ Россия ширкат варзиданд.
Дар давраи финалӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи “Снегири” бозӣ анҷом дода, дар натиҷа ҷойи дуюмро сазовор шуд.
Дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон дар бозиҳои футболи қаблӣ ба вежа дар солҳои 2006, 2007, 2009, 2010, 2013, 2018 ва 2022 ғолиби мусобиқаи ҳафткаратаи Ҷоми Ректори МГИМО гашта буд.