Мулоқоти Сафир бо Президенти Донишгоҳи федералии Қазон

11.06.2024 18:00

11 июни соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Донишгоҳи федералии Қазон Рияз Минзарипов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқот бо Р. Минзарипов, суҳбати Сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон, диаспораҳо ва варзишгарони Тоҷикистон, ки дар бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС иштирок менамоянд, доир гардид.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Ҳамзамон, Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод.

Дар анҷоми мулоқот ба як қатор донишҷӯён, ҷавонон ва варзишгарон, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави кишвар саҳми назаррас доранд бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg