10 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Халаф бин Ҳаттоб ал-Каъбӣ баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қатар ва татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо атрофи масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвари дӯст табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan