20 августи соли 2024 бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи буҷетии давлатии шаҳри Москва “Хонаи миллатҳои Москва” бахшида ба солгарди бузургдошти мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абуалӣ Ибни Сино мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони миллатҳои гуногун аз Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Арманистон, мақомоти дахлдори Россия, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, олимону муҳаққиқон, ординаторон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия зимни суханронии ифтитоҳӣ қайд намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиб ва муаррифии чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба идеологияи Ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд, хеле муҳим ва зарур арзёбӣ кардааст. Гузашта аз ин, ба хотири гиромидошти шахсияти бузург, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино номгузорӣ гардида, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази Синошиносӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин номи яке аз калонтарин ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба номи Сино гузошта шудааст, ки мояи ифтихору сарфарозист”.
Дар чорабинии мазкур коршиносон ва муҳаққиқон ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, инчунин андешаҳои фалсафавӣ ва омӯзгории ӯро мавриди омӯзиш қарор дода, дар робита ба ин мулоҳизаронӣ намуданд.
Дар доираи мизи мудаввар ба мақсади шиносоӣ аз ҳаёт ва фаъолияти олими бузург намоиши филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони ҳаким Ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси Маркази арабшиносӣ ва исломшиносии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Иброҳим Тауфиқ Камел тарҷумаи осори дуҷилдаи Ибни Сино ба забони русӣ «Ибн-Сина (Авиценна) Исцеление. Теология» муаррифӣ гардид.
Дар фарҷоми мизи мудаввар олимону муҳақиқони соҳаи тиб, аз кишварҳои мухталиф даъват ба амал оварданд, ки чорабинии мазкур бо дарназардошти моҳияти он, ҳамчун конфронси илмии байналмилалӣ кабул ва эътироф карда шавад.