26 августи соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 3 нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишномаи Кишинёв оид ба ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ (аз 07.10.2002), ба Ватан баргардонида шуданд.