29 августи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии Сафорат дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия, мушкилиҳои онҳо дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.