17 ноябри соли 2024 дар Донишкадаи санъати театрии Россия (ГИТИС) дар доираи Фестивали театрии кишварҳои ИДМ “ГИТИС-мастер-класс” намоишномаи театрии “Заҳҳок” аз рӯи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори ГИТИС, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Фестивали мазкурро донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зери роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон - Тағоймурод Розиқов тавассути намоишномаи театрии “Заҳҳок” ба саҳна гузошта, иброз гардид, ки тоҷикон дорои таъриху фарҳанги ҳунари воло ва соҳибкитобу соҳибтамаддун мебошанд.
Бояд гуфт, ки Абулқосим Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ бошад, қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Шоир дар образи Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст. А.Фирдавсӣ галабаи Коваро бо кӯмаку дастгирии ҳалқи меҳнаткаш тасвир намуда, қудрат ва тавоноии халқи оддиро хеле бузург мешуморад.
Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона доир шуда, меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.