Вохӯрӣ бо афсарону курсантои тоҷик дар Москва

19.11.2024 14:34

18 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москва вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо афсарону курсантони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Сараввал, Сафири Тоҷикистон дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 33 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.

Сипас, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Раҳимзода дар бораи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg