18 ноябри соли 2024 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 5 нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон аз 07.10.2002, ба Ватан репатриатсия гардиданд.
Ҳамин тартиб, аз аввали соли 2024, 54 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи мазкур ба наздиконашон баргардонида шуданд.