25 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, бо иштироки кормандони Сафорат баргузор гардид.
Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода аҳамияти таърихии Парчами миллӣ, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии Ватани азизамон мебошад, суханронӣ намуд.