29 ноябри соли 2024 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуда, нуқтаҳои асосии Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вежа дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии Иттиҳодро дар марҳилаи навбатӣ дар соли 2025 муаррифӣ кард.
Дар зимн сарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи Шӯро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори Созмони мазкур равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Роҷеъ ба тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.
Ҷониби Тоҷикистон Раисии минбаъдаро дар Шӯрои иқтисодии ИДМ барои соли 2025 аз ҷониби Россия қабул намуд.