Боздиди кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигоҳдори шаҳрвандони хориҷӣ дар Егоревск

06.12.2024 16:14

5 декабри соли 2024, кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар минтақаи шаҳрии Егоревски вилояти Москва боздид анҷом доданд.

Зимни боздид бо роҳбарияти муассисаи мазкур мулоқот анҷом дода шуда, масъалаҳои марбут ба саривақт баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан, инчунин таъмин намудани шароити дахлдори нигаҳдории ҳамватанонамон дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд зикр дошт, ки ба ҳолати имрӯза дар муассисаи болозикр 98 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, зимни музокирот бо роҳбарияти мақоми номбурда масъалаи таъмин намудан бо чиптаи ҳавопаймо барои 11 нафар шаҳрванд ҷиҳати бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Масъулин иттилоъ доданд, ки боқимондагон низ дар фурсати наздиктарин ба Ватан баргардонида мешаванд.

Ҳамзамон, дар ин раванд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ барпо гардида, зимни сӯҳбат дар мавзуи дигаргуниҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, машварати ҳуқуқӣ, худдорӣ ва пайравӣ накардан ба ҳама гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро, инчунин ҷиҳати минбаъд такрор накардани қонунвайронкуниҳо маслиҳату тавсияҳои хоса дода шуда, дар фарҷоми суҳбат ба шаҳрвандон маҳсулоти ғизоӣ ва дигар маводҳои ниёз дастрас карда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg