Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

09.12.2024 18:04

9 декабри соли 2024 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 19 масъалаи мубрами рӯз  баррасӣ шуд ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор  қабул гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg