Мулоқот бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ш.Москва

14.03.2025 17:13

13 марти соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметево шаҳри Москва дидан карда, бо шаҳрвандони кишвар ва роҳбарияти фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти сарҳадӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ бо масъулини фурудгоҳ масъалаи пайгирии вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Федератсияи Россия, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ гардид.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар Россия дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ба роҳ монда шуд.

Дар рафти суҳбат, сафир вобаста ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва риоя намудани талаботҳои он, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суҳбат намуд.

Инчунин Роҳбари намояндагии дипломатии кишвар масъалаи таъмин намудани шаҳрвандон бо маводи ғизоӣ бо шахсони муттасадии фурудгоҳҳо баррасӣ намунанд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg