Имрӯз, 4 апрели соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Кипрос Йоргаллис мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кипр дар самтҳои гуногун табодули афкор намуда, вазъ ва иқтидори мавҷудаи рушди муносибатҳои ду кишвар, инчунин ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд.