5 июли соли 2025 бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи буҷетии давлатии шаҳри Москва “Хонаи миллатҳои Москва”, ташкилотҳои ҷамъиятии “Маркази фарҳанги тоҷикон” ва “Нур” чорабинии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар доираи барномаи “Москва – шаҳри сулҳ, дӯстӣ ва ризоият” баргузор гардид, ки дар он ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ, инчунин ҳамватанони муқими Россия ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз барномаи консертӣ, намоиши китобҳо, асбобҳои мусиқӣ, аксу мусаввараҳо, ҳунарҳои мурдумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филми таърихӣ дар бораи Тоҷикистон иборат буд.