Баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ ба Ватан

23.12.2025 17:27

23 декабри соли 2025, бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар шарҳвандони ноболиғ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғ ба давлатҳои истиқомати доимии худ аз 07.10.2002, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми соли ҷорӣ 52 шаҳрванди ноболиғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg