Вохӯрии Сафир бо донишҷӯён

08.01.2026 21:42

8 январи соли 2026 дар Сафорат мулоқоти Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сухан ронда, муҳтаво ва нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.

Зимни он иброз гардид, ки дар сиёсати давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, таъмини амният, волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар кишвар, дастгирии соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донишандузӣ, маърифатнокӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии занону ҷавонон, ба вазифаҳои роҳбарикунада таъйин намудани онҳо, аз ҷумла масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбад.

Дар идомаи суханронӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда барои омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд.

Инчунин, Сафир ба донишҷӯён доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба таҳрикоти иғвогарона, новобаста аз мазнуни онҳо, посух надодан ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд. Дар баробари ин эҳтиром гузоштам дар расму оин ва риояи қонунгузории кишвар иқоматро аз ҷониби онҳо шарт дониста шуд.  

Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуданд, ки ба онҳо посухҳо дода шуд.

​​​​​​​

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg