22 январи соли 2026 дар Москва Машваратҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Россия” оид ба масъалаҳои ҳамкории амалӣ бо мақсади татбиқи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2025 – 2027, ки дар натиҷаи Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ – Россия” 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, доир гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, мавқеи кишварро вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи нақшаи мазкур иброз намуд.
Дар рафти вохӯрӣ роҳҳои татбиқи мунтазами мувофиқаҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, тиб, робитаҳои гуманитарӣ ва экологӣ муҳокима гардид.