Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Россия бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ

27.01.2026 18:29

27 январи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин дабирони кулли ИДМ, СААД, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Россия С. Лавров самаранокии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ИДМ дар соли 2025 ва дастгирии раёсати Туркманистон дар соли 2026 қайд намуд.

Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2025 дар формати ИДМ ҷамъбаст гардида, тадбирҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон иштироккунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg