5 феврали соли 2026 Сафир дар маросими тантанавии муаррифии силсилаи маҷмӯаи ҳуҷҷатии таърихӣ “Ҷумҳуриҳо - ба фронт 1941-1945” дар шакли китоб, ки ба саҳми ҷумҳуриҳои иттифоқии ИҶШС дар пирӯзии муштарак дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда аст, иштирок намуд.
Дар ин маросим роҳбарияти Шӯрои амният, Хадамоти иктишофии хориҷӣ ва Ҷамъияти таърихии Россия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати илм ва таҳсили олии кишвари иқомат, дабирони кулли ИДМ ва СААД, сафирони кишварҳои ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ ба роҳбари намояндагии дипломатӣ аз ин маҷмӯаи китоб оид ба саҳми қаҳрамононаии халқи тоҷик дар Ғалабаи Бузург тақдим карда шуд.