Мулоқот дар Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатӣ

11.02.2026 20:18

10 феврали соли 2026 бо мусоидати Сафорат дар ҳошияи нахустин Конгресси байналмилалии идоракунии давлатӣ дар Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия мулоқоти директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода бо ректори Академия Алексей Комиссаров баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи Созишнома оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, ки 9 октябри соли 2025 дар ш.Душанбе ба имзо расида буд, муҳокима шуда, “Харитаи роҳ” барои соли 2026 ба имзо расид.

Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg