Ташрифи ҳайати вилояти Хатлон ба Сафорат

27.02.2026 10:10

27 феврали соли ҷорӣ ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо кормандони Сафорат, намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар Федератсияи Россия, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат, роҳбарони созмону иттиҳодияҳои тоҷикон, доираи соҳибкорон, донишҷӯён ва дигар ҳамватанон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси вилоят оид ба натиҷаи рушди минтақа дар соли 2025, раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар Хатлон, аз ҷумла  Форуми саёйҳии “Хатлон - 2026” (23-25 майи соли 2026) маълумот дода, инчунин аҳамияти ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия барои таҳкими равобити ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои тараққиёти кишвар, ҳамчун шарики рушд, бо истифода аз муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши фаъол бозанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Хатлон аз 23 феврал дар Федератсияи Россия бо сафари корӣ қарор дошта, дар ин давра аз Ҷумҳурии Тотористон ва вилояти Пенза дидан намуданд. Дар ҳошияи ин сафар бо доираи васеъ вохӯриҳои гуногун баргузор гардид. 25 феврали соли 2026 аз натиҷаи гуфтушунидҳо байни роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати вилояти Пенза санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg