8 сентябри соли 2026 дар Қасри Баёни шаҳри Кувайт маросими тақдими эътимодномаи сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба Волоҳазрат Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт баргузор шуд.
Дар оғози дидор сафири Тоҷикистон ба Амири Давлати Кувайт дуруду паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид кард, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷонибаи хеш бо Кувайт арҷи фаровон мегузорад ва хостори густариши ҳар чи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ин кишвар дар ҳамаи арсаҳо мебошад.
Дар ин росто, таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, ки 3-5 ноябри 2024 бо муваффақият барпо шуд, барои пурбор кардани муҳтавои муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун заминаҳои лозимро фароҳам овард.
Дар поён Амири Давлати Кувайт ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруду таманниёти худро расонида, ба сафири кишвари мо дар маъмурияти нави дипломатиаш орзуи комёбӣ кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj